Хуш омадед!, Гость
Дар ҳошияи баҳсҳои фейбукӣ дар мавриди Шоҳномаву Қуръони карим.
Шанбе, 25 уми марти соли равон, вақте Маҳмуд Аҳмадии Нажод, хонаи Фарҳанги Эрон дар Душанберо ифтитоҳ намуд, дар ҷамъи эрониёни муқими Душанбе суханроние ҳам кард ва дар ҳамон маврид чанд санге ба торих ва Қуръони карим партофта буд, ки он замон расонаҳои тоҷикӣ ба он аҳамият надоданд. Вай дар ҳамон рӯз иддао карда буд, ки Фирдавсӣ мактаби Паёмбарро наҷот дод ва ин иддаоҳои беасосу бепояи ӯ ба ғайр аз Душанбе дар Эрону дигар кишварҳо бо вокунишҳое рӯбарӯ шуд.
Ҳатто ин иддаоҳои бепояи Нажод бо вокуниши оятуллоҳои Қум рӯбарӯ шуд ва  дар сархати расонаҳон қарор гирифт. Зафари Мирзоиён ҳамон фикрҳоро баъд аз чанд рӯз бо баёни дигар такрор кард. Банда низ муддаъӣ нестам, ки шояд дар ҳамон суханронӣ ширкат карда буд ва ё ҷое онро мутолеа кардааст ва ё ин, ки номбурда аз санъати "copy” "pastе” истифода кардан хостааст ва аммо бо баёни дигар, вале ҳамон донишҷӯдухтари "аҷул” аз ... Давомаш
Гурӯҳ: Матолиби рӯзмарра | Диданд: 3102 | Навишт: Салом | | Шарҳ (2)

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон ва аз рӯҳониёни маъруфи ин кишвар зимни матлабе, ки дар радди мақолаи дар "Фараж” чопшуда бо номи "Тураҷонзода: Ислом ба ҳизб ниёз надорад”, бо ишора ба суд кардани масҷиди "Муҳаммадия”, гуфт:  "имрӯз аз тариқи суди шаҳри Ваҳдат Кумитаи дин мехоҳад масҷиди ҷомеъро ба таври доимӣ бибандад, ки ин дар таърих аввалин ҳодиса аст, ки хонаи Худоро суд мекунанд?!”
Қобили зикр аст, ки қабл аз ин даҳҳо масҷиди панҷвақтаро бо баҳонаи инки аз қайди давлатӣ нагузаштаанд, фаъолияташонро дар шаҳри Душанбе, ва ноҳияҳои ҷанубии кишвар қатъ карда ва қисман онҳоро ба ҷойҳои ҷамъиятӣ табдил доданд.

Гурӯҳ: Хабарҳо | Диданд: 6837 | Навишт: Салом | | Шарҳ (8)

Шоми шанбе, 16-уми апрели 2012, тақрибан соат 23: 20 дақиқа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, рӯ ба рӯи корхонаи нассоҷӣ, маъруф ба "текстил” ду тан аз хоҳарони зарфшӯ бар асари як садамаи автомобилӣ дар ҷои ҳодиса ҷон ба ҷаббор супориданд.

Ронандае, ки автомобили тамғаи "BMW”-ро идора мекард ва ӯ ба ҷонбохтани он ду зарфшӯ гунаҳкор дониста мешуд, тақрибан  ҷавони 22 ё 23 сола менамуд.

Шоҳидони айнӣ мегуфтанд, ки ҳангоми сарзадани ҳодиса вай мошинро бо суръати начандон баланд идора мекард ва бинобар ноҷо убур кардани роҳ ва саросема шудан дар вақти ҳаракат аз ин самт ба самти дигар, ронанда дар мақарри ҳодиса на худ ва на автомобилро идора карда натавонист ва хулоса як ҳаракати ноҷо мунҷар ба кушта шудани он ду гардид.
Ҳамзамон ронандаи мазкур, ки худр ... Давомаш
Гурӯҳ: Хабарҳо | Диданд: 858 | Навишт: Салом | | Шарҳ (0)

Шамоли кишварҳои 3 + 1

Муҳоҷир, ҷавони 18 солаи тоҷик, ки айёми наврасиашро дар муҳоҷират ба боди фано супурда буд, вақте ба зодгоҳаш баргашт, ҳамсояаш Муқимро дид, ки ҷисмаш наҳифу лоғар гардида, чанд узви баданаш ҳам дард мекунад... Ба аёдати вай шитофт.

Баъд аз аҳволпурсӣ оромона суол кард: «Дӯстам, Муқимҷон! Шамол хӯрдаӣ, ё чизи дигар?». Муқим оҳе кашида, лаҳзае баъд "шухиомез” гуфт: «Не! Мо дигар шамол намехӯрем. Он вақт гузашт! Акнун шамол бо тамоми тавонаш моро мехӯрад... Медонӣ, ки сар аз якуми апрел шамоли кишварҳои 3+1 (Ӯзбекистон, Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон) я ... Давомаш

Гурӯҳ: Матолиби рӯзмарра | Диданд: 716 | Навишт: Салом | | Шарҳ (0)

Ҷамоли Камол, махсус барои «Наҳзат»
Иддае аз зиёиёни кишвар, ки  бистуми март, дар мулоқот бо президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон, ҳузур доштанд, баъд аз анҷоми мулоқот бори дигар нигаронии худро аз муллову масҷид, тариқи расонаҳои хабарӣ, иброз доштанд. Таъкид ҳам карданд, ки аз масҷид рафтан чӣ фоида?

Ин паёми эшон баёнгари он аст, ки имсол низ борони мушкилот бар сари масҷиду мулло ва дар маҷмӯъ исломгароён мерезад... мақоли халқ дорем, ки гуфтаанд: «соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост».
Ба ин хотир, чун дар оғози сол нигарониҳо аз асҳоби масҷиду мулло ва дар маҷмӯъ аз исломгароён шурӯъ шуд, пайдост, ки мушкилзоене дар қиболи эшон камин гирифтаанд.  Ба баёни дигар, ин нигарониҳо эъломи омодабошӣ ҷиҳати пазириши мушкилотест ки аҳли имонро интизор хоҳад буд. Аз ҷиҳат, фаромӯш набояд кард, ки чунин камин гирифтан суннати Илоҳиест, ки барои бармало сохтани садоқати аҳли имон  вуҷуд дошт ва дар оянда низ мубтало шудан ба ... Давомаш
Гурӯҳ: Матолиби рӯзмарра | Диданд: 704 | Навишт: Салом | | Шарҳ (0)

Додгоҳ, то чанд рӯзе пеш  ин ниҳоди қудратиро ғоибона мешинохтам. Яъне, шукр, ки корафтодаи ин даргоҳ набудам. Аз ин рӯ хаёл мекардам, ки мардум тавре, ки ҳастанду зиндагӣ доранд, вақти баҳсу моҷароҳо, ҳамонгуна ба он ташриф мебаранд. Аммо хаёлам хом баромад.
Вақте дидам, ки даъвогару ҷавобгар, ҳарду афроди баобурӯ, соҳиби макони иҷтимоӣ ва пулдору ёру рафиқдор ҳастанд  ва барои ҳалли баҳси кӯчаке ба ин даргоҳ ташриф овардаанд, бар замми он ҳардуи онҳо болои мизҳое рӯ ба рӯи ҳам нишастаанд, ки дар зоҳир ҷинси он курсиҳо аз ҳам фарқ намекунад, гумон кардам, ки додрасро бевиқору додгоҳро бо чашми кам дарёфтам.

Аммо, лаҳзае пас, вақте дидам, ки додрас хитоб ба даъвогар, муҳтарам ҷабрдида, мегуфт ва хитоб ба ҷавобар, рафиқ судшаванда,ақлам бар ҳиссиётам ғолиб омад, фикрамро дигар кард. Онгоҳ ақл дар гӯши дилам гуфт, ки гумони кардаат бепоя аст. Чун лаҳни он хитобҳо аз ҳам фарқ мекард, ҳис кардам, ки гӯиё сояи ... Давомаш
Гурӯҳ: Матолиби рӯзмарра | Диданд: 1045 | Навишт: Салом | | Шарҳ (0)

Ба гузориш хабаргузории "Банарама аш шарқул авсат” Зоҳӣ Халафон, раиси полиси Дубай  рӯзи як шанбе ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки  қарори боздошти Шайх Юсуф Қарзовӣ, раиси Анҷумани ҷаҳонии уламони мусалмонро содир хоҳад кард.
Ин вокунишҳо баъд аз он сурат гирифт, ки доктор Юсуф Қарзовӣ, раиси Анҷумани ҷаҳонии уламои мусалмон, ҳангоме, ки дар барномаи "Ашшариъату вал ҳаёт” (дину зиндагӣ)и телевизиони "Алҷазира”и давлати Қатар мустақиман суҳбат мекард, Аморотро ба хотири ихроҷи 100 хонаводаи Сурия аз  мухолифони низоми Башшор Асад интиқод кард ва низ ин кишварро ба он муттаҳам намуд, ки мақоми шаҳрвандии чанде аз атбоъи  Аморотро салб кардааст.
Ҳангоме, ки доктор Юсуф Қарзовӣ дар барномаи дину зиндагии телевизиони "Алҷазира” муҳбат мекард, афзуд, ки ҳоким дар хидмати мардум бояд бошад, на бо онҳо мисли барда муомала кунад.

Гурӯҳ: Хабарҳо | Диданд: 692 | Навишт: Салом | | Шарҳ (0)

Инсон: Ассалому алайкум
Қуръон: «Саломун ъалакум бимо сабартум фаниъма ъуқбаддор» ( Дуруд бар шумо ба (подоши) ончи сабр кардед. Ростӣ чи некӯст фарҷоми он сарой), {Раъд:24}.
Инсон: Ба унвони суоли ибтидоӣ, агар моил бошед каме аз оромиш, ки имрӯза ба яке аз гумкардаҳои башар табдил шудааст ва ҳар касе барои ба даст овардани он талош мекунад барои мо суҳбат кунед, агар дар зиндагӣ хоҳони оромишхотирӣ бошем чӣ роҳеро пешниҳод мекунед?
Қуръон: «Аллазина оману ва татмаинну қулубуҳум бизикриллоҳи ало бизикриллоҳи татмаиннулқулуб» (Ҳамон касоне, ки имон овардаанд ва дилҳояшон ба ёди Худо ором мегирад. Огоҳ бош, ки бо ёди Худо дилҳо оромиш меёбанд), {Раъд:28}.

Инсон:барои суоли дуввум агар иддае бихоҳанд Худоро фаромӯш кунанд фарҷоми корашон чӣ хоҳад шуд?
Қуръон: "Ва ман яъшу ъан зикрирраҳмони нуқаййиз лаҳу шайтонан фаҳува лаҳу қарин: ва ҳар кас аз ёди [Худои] Рамҳмон рӯй бигардонад, бар ӯ шайтоне мегуморем то барои ... Давомаш
Диданд: 1102 | Навишт: Салом | | Шарҳ (1)

Матлабе, ки дар дасти хонанда аст, хулосаи тарҷумаи мусоҳибаи Ашук Колен Ёнг яке аз мубаллиғон ва доъёни насроният ва яке аз бузургони иттиҳодияи ҷаҳонии калисо аст, кию о дарки ҳаққонияти дини мубини ислом, бо вуҷуди ҳамаи мушкилоти бар сарироҳаш омада,имон овард. Мавсуф тайи ин мусоҳибааш бо маҷаллаи «Ал-Муҷтамаъ» дасисаҳо ва фитнапардозиҳои калисоро дар ҳаққи ислом ва мусалмонон бо далелҳои раднопазире, ки худ шоҳид ва ё муҷрии онҳо будааст, фош месозад ва аз рӯи масоли хатарноке парда мебардорад. Имрӯз барои ҳар фарди мусалмон на танҳо зарур, балки воҷиб аст, ки фирефтаи зарқу барқи пешрафту тамаддуни кишварҳои аврупова Амрико нашавад ва тақлиди куркурона аз онҳо накунад, ки лоҷарам дар доми тазвири онҳо гирифтор мегардад ва дунёву охирати худро барбод медиҳад.
АШУК КОЛЕН ЁНГ КИСТ?
АШУК КОЛЕН ЁНГ КИСТ дар шаҳри Ярул воқеъ др минтақаибуҳарйраҳои кӯчак дар ҷануби Судон таваллуд ёфта, таълимот ... Давомаш
Гурӯҳ: Матолиби рӯзмарра | Диданд: 911 | Навишт: Салом | | Шарҳ (0)

Доктор Ҳошим Ислом, узви гурӯҳи фатво дар ал-Азҳар, эълом кард, ки агар Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия дар зулму ситам кардани худ бар мардуми  кишвараш идома диҳад, "маҳдуруддам”  аст. Вай мардуми Сурияро ба сабру бурдборӣ ва ба дур аз хушунату ҷаҳолат низ даъват кардааст.
Ислом рӯзи ҷумъа, замоне, ки дар тазоҳуроти мусолиматомез дар назди сафорати Сурия дар Миср баргузор шуд, ширкат кард ва ин фатвои худро ҳамонҷо содир намуд.
Маҳдуруддам: дар қавонини фиқҳӣ истилоҳи "маҳдуруддам” ба касе гуфта мешавад, ки шаръан мустаҳиққи кушта шудан аст, яъне касе, ки рехтани хуни ӯ муҷоз аст. Мафҳуми "маҳдуруддам” аз лиҳози шаръӣ ба ду даста тақсим мешавад: нисбӣ ва мутлақ. "Маҳдуруддам” -и нисбӣ касе аст, ки дар баробари шахс ё ашхосе "маҳдуруддам” аст ва мутлақ вазъиятест, ки шахси муҷрим дар баробари тамоми мусалмонон "маҳдуруддам” аст. (иқтибост аз Луғатномаи Алиакбари ДеҳХудо)

Гуфта мешава ... Давомаш
Гурӯҳ: Матолиби рӯзмарра | Диданд: 655 | Навишт: Салом | | Шарҳ (0)

1 2 3 »